Таҳдиди “Давлати исломӣ” ба Бритониё
Гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” бо нашри як навори видеоӣ Бритониёро таҳдид кард.
Дар интернет навори қатли панҷ асире, ки дар ҷосусии эътилофи бо роҳбарии Амрико эътироф мекунанд, нашр шуд. Ҷангҷӯён асиронро бо он айбдор мекунанд, ки маводи видеоӣ ва аксҳои ҳаракати дастаҳои ДИИШ-ро ба Туркия дастрас кардаанд.
Дар навори баъдӣ дида мешавад, ки асирон дар тан либоси норинҷӣ дар рӯ ба рӯи ҷангҷӯён ба зону нишастаанд. Яке аз ҷангҷӯён мегӯяд, ин паём ба нахуствазири Бритониё -- Девид Кэмерон аст. Ин ҷангҷӯ Кэмеронро “роҳбари камэътибор” ном мебарад, ки ба қавли ӯ “монеи пешравии “Давлати исломӣ” шудааст”.
Ба иттилои гуруҳи SITE, ки сомонаҳои гуруҳҳои ҷиҳодиро мониторинг мекунад, дар навори видеоӣ асироне сабт шудаанд, ки дар шаҳри Раққаи Сурия ба асорат афтода буданд. Вале то кунун шахсияти онҳо эълон нашудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Бритониё гуфтааст, аз вуҷуди ин навор огоҳ аст ва онро ташхис мекунад. Аз ибтидои моҳи декабри соли гузашта ҳавопаймоҳои низомии Бритониё, ки дар амалиёти зидди тундгароён дар Ироқ иштирок доштанд, ба мушакборони мавзеъҳои ДИИШ дар Сурия пардохтанд.