ВИДЕО: "Шикор"-и вуҳуш бо аксбардорҳо дар Мурғоб
Ҷамъияти ҳифзи олами вуҳуши Тоҷикистон натиҷаи "шикор" бо аксбардорҳо дар минтақаи Аличури ноҳияи Мурғоби Тоҷикистонро нашр намудааст, ки моҳи декабри соли 2015 ба навор гирифта шудааст.Банаворгирандагон аз коҳиши қочоқ ва шикори ғайриқонунии бузи куҳӣ ва гӯсфанди Марко Поло истиқбол намуда, натиҷаи назораташонро пешкаши тамошобинон кардаанд.
Раванди барқароршавии теъдоди гӯсфандони Марко Поло дар ҳолест, ки шикорашон тайи солҳои 2007-2008 дар кишвар қатъиян мамнуъ буд. Феълан ҳукумати Тоҷикистон нархи шикори як гусфанди “Марко Поло”-ро 45 ҳазор сомонӣ муайян намуда, онро тариқи квота роҳандозӣ кардааст. Мавсими шикори “Марко Поло” аз моҳи сентябр то мартро дар бар мегирад ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола барои шикори “Марко Поло” 80 квотаро ҷудо менамояд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, теъдоди умумии “Марко Поло”, ки, феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 25 ҳазорро ташкил медиҳад.