Гулмурод Ҳалимов-"қаҳрамон"-и матлаби The Wall Street Journal, нашрияи маъруфи ИМА
The Wall Street Journal, яке аз нашрияҳои маъруфи амрикоӣ дар матлабе перомуни ифротӣ шудани Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон аз қавли наздиконаш таъкид кардааст, қаблан ҳеч нишонаҳои ифротгароӣ дар Ҳалимов дида намешуд.
Нашрия ба тамрини Ҳалимов дар Амрико ҳам ишора карда, аз қавли бародараш - Султон Ҳалимов навиштааст, собиқ фармондеҳи “ОМОН” дар гузашта нисбати амрикоиҳо эҳтироми зиёдро қоил буд: “Амрикоиҳоро эҳтиром мекард, мегуфт, ки онҳо воқеан пайрави қонунанд”.
Султон Ҳалимов, ки худаш як сол ба ҳайси кафшергар дар Русия кор кардааст, изҳор дошта, ки бародараш аз шароити муҳоҷирони меҳнатии тоҷик нороҳат буд: “Мегуфт, шумо чӣ тавр дар он шароит кор мекунед?”
Ба гуфтаи Султон Ҳалимов, Гулмурод дар гузашта афсари содиқ буд ва пайваста ба наздиконаш таъкид менамуд, агар қонунро шиканед “ба умеди ман нашавед”. Ба иттилои The Wall Street Journal, хонаи Гулмурод Ҳалимов дар деҳаи Дараи фонии ноҳияи Варзоб як бинои хоксорона мебошад.
Султон Ҳалимов гуфтааст, қаблан ҳеч нишонаҳои ифротигариро дар Гулмурод мушоҳида накарда буд. Ӯ афзудааст, ки намедонад ҳоло бародараш дар куҷост, аммо умедвор аст, ки зинда мебошад.
Гулмурод Ҳалимов, ки 27-уми майи соли 2015 пас аз як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод, феълан бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор дорад. Ҳалимов тариқи навори видеоӣ сокинони Тоҷикистонро ба кофарӣ муттаҳам карда, ваъдаи қатли онҳоро дод. Ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, феълан нисбат ба Ҳалимов бо иҷозаи додгоҳ “чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона” татбиқ гардида, ҳоло исми ӯ дар кофтукови байналмилалӣ қарор дорад.
АКС: Султон Ҳалимов дар назди хонаи Гулмурод Ҳалимов дар деҳаи Дараи Фонии Варзоб