Ду бозигари “Истиқлол” дар ҳайати “Хуҷанд” бозӣ мекунанд
Алишер Тӯйчиев ва Эраҷ Раҷабов, ду бозигари пешини “Истиқлол”-и Душанбе ба ҳайати дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд, барандаи медали нуқраи мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон гузаштаанд.
Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Тӯйчиев ва Раҷабов бо далели тамдид нашудани шартномаашон бо “Истиқлол” ин тимро тарк карда, акнун шарафи дастаи “Хуҷанд”-ро ҳимоя хоҳанд кард. Ҷаноби Солиев афзуд, як бозигари дигари “Истиқлол” -- Умедҷон Шарипов ҳам аз “Истиқлол” рафт ва шояд ба “Вахш”-и Қӯрғонтеппа пайвандад.
“Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд, бо ҳайати қавӣ иборат аз 23 бозигар барои иштирок дар мусобиқоти Ҷоми КФО-2016 дархост ирсол кардааст”,-гуфт сухангӯи ФФТ.
Ҳайати тими “Хуҷанд” дар мусобиқоти Ҷоми КФО -2016 бо роҳбарии сармураббии даста Нумонҷон Юсупов аз ин қабил аст: Дарвозабонҳо: Алишер Туйчиев, Абдуазиз Маҳкамов, Дилшод Додобоев; Ҳимоятгарон: Далерҷон Тухтасунов, Манучеҳр Аҳмадов, Сафаралӣ Каримов,Эраҷ Раҷабов, Ҳасан Рустамов, Шероз Абдуллоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Амир Иброҳимов; Нимҳимоятгарон: Илҳомҷон Баротов, Дилшодҷон Каримов, Абдусамад ҳоҷибоев, Саидҷон Шарипов Ҳоҷибой Зиёев, Руслан Раҳматов, Абдумалик Шодиев; Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров, Ҷаҳонгир Эргашев, Мубинҷон Муминов, Марифҷон Марифбоев, Дилшод Бозоров.