Норозигии Э.Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳо ва даъвати подшоҳи Саудӣ ба Душанбе
Дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ 5 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро подшоҳи Арабистони Саудӣ, Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд истиқбол гирифта, аз имкони муҳокимаи бевоситаи масоили густариши робитаҳои ду кишвари дӯст изҳори хушнудӣ намудаст.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз нахустин имкони дидор бо Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд изҳори хушҳолӣ карда, таъкид дошт: “Мо дар Тоҷикистон кишвари Арабистони Саудиро ба ҳайси шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу минтақаи Ховари Миёна мешиносем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо он таваҷҷуҳи доимӣ дорем”.
Зимни мулоқот зикр гардидааст, ки ҳарду кишвар роҷеъ ба масъалаҳои калидии глобаливу минтақавии сиёсати байналмилалӣ мавқеи ба ҳам наздик ё монанд ва барои дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ҳамёрии созанда доранд.
Дар робита ба ҳамкории амниятии ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: “Суботу амнияти Осиёи Марказӣ, ки бо хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ низ рӯ ба рӯ аст, пеш аз ҳама, бо вазъияти ташвишовари Афғонистони ба мо ҳамсоя сахт алоқамандӣ дорад” ва афзуд, ки “масъалаи ҳаллу фасли ҳамаҷонибаи қазияи Афғонистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хоса дорад”.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имкон доранд дар соҳаи амният, аз ҷумла дар муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ - терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаклҳои барои ҳарду тараф мақбул ҳамкории судбахш ба роҳ монанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои иқтисодӣ ва дастгириҳои молиявии Арабистони Саудӣ аз татбиқи чанд лоиҳаи инфрасохторӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ва сохтмони чанд мактабу шифохона, қадрдонӣ карда, таъкид доштааст, ки “ҳамкории иқтисодии мо ҳанӯз ҷавобгӯи зарфияту имкониятҳои имрӯзаи кишварҳои мо нест”. Зимни ин сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон созиш шудааст, ки Арабистони Саудӣ аз тариқи Бонки исломии рушд барои навсозии қитъаҳои Кӯлоб-Шӯрообод ва Шкев-Қалъаи Хумби роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз 108 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мекунад.
Дар баробари ин ба андешаи раисиҷумҳури Тоҷикистон “имрӯз вақти он расидааст, ки мо ба бахшҳои бунёдӣ ва воқеии иқтисодиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир намоем ва дар ин самтҳо ҳамкории дарозмуддату судманди байни кишварҳоямонро ба роҳ монем”.
Ӯ аз ҷумла иштироки ҷониби Арабистони Саудӣ дар маблағгузории лоиҳаҳои энергетикию обии дорои аҳамияти минтақавӣ аз қабили сохтмони нерӯгоҳҳои барқии бузургу миёна, зеристгоҳҳо, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати фаромарзӣ, инчунин бунёди корхонаҳои нассоҷӣ ва истихроҷу коркарди маъданҳои табиӣ ва обёрии заминҳо амри матлуб дониста шуд.
Эмомалӣ Раҳмон барои ин фаъолияти бештару назарраси Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ки ҷаласаи нахустинаш соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, зарур донистаст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар охири гуфтушунид Эмомалӣ Раҳмон аз подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёрад: “Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд”.
Манбаъ дар қатори 5 созишномае, ки дар анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ба имзо расиданд, асноди зеринро номбар кард:
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Мамлакати Арабистони Саудӣ;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ.
Дар пайи таъкиди Эмомалӣ Раҳмон ба нокифоя будани сатҳи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, роҳбари Шӯро оид ба масъалаҳои иқтисодӣ изҳор доштааст, ки ба наздикӣ ба Тоҷикистон гурӯҳи корӣ мефиристад, то ки бевосита роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодию сармоягузориро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳанд.