Бархӯрди “Тойота” бо боркаш ду куштаю ду маҷруҳ барҷой гузошт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 30 декабр дар пайи бархӯрди “Тойота Лэнд-Крузер” бо мошини боркаши “Долун” ду нафар ба ҳалокат расида, дуи дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ин ниҳод дар садамаи маргбор ронандаи 25-солаи “Тойота Лэнд-Крузер”, сокини шаҳри Душанберо гунаҳкор медонад, ки ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба Душанбе, дар километри 73-юми ҳудуди ноҳияи Варзоб, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накардааст: “Дар натиҷа Тайота бо “Долун”, таҳти идораи сокини 43-солаи шаҳри Душанбе бархӯрдааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи бархӯрд ронандаи 25-сола ва мусофири 29-солаи “Тайота” аз шаҳри Душанбе ба ҳалокат расида, ду мусофири дигар-марди 57-сола аз шаҳри Чкалов ва сокини 58-солаи Душанбе бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд.