“Мулоқоти кӯтоҳ”-и Муҳиддин Кабирӣ бо Алии Хоманаӣ дар Теҳрон
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари руҳонии Эрон мулоқот кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳои Эрон, ин “мулоқоти кӯтоҳ” шоми рӯзи гузашта (29 декабр) дар ҳошияи конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар шаҳри Теҳрон сурат пазируфтааст. Расонаҳо дар бораи ҷузъиёти ин мулоқот иттилое ироа накардаанд. Зимнан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ акси дастфишории Кабирӣ бо Хоманаӣ паҳн шуд. Хабаргузории “Форс” навишта, Муҳиддин Кабирӣ солҳои пеш озодона дар ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” ширкат мекард, аммо имсол бо далели манъи фаъолияти ҳизбаш ҳамчун “меҳмони вижа” ба конфронс даъват шудааст.
Хабари дидори Кабирӣ бо Хоманаӣ дар ҳолест, ки ҳузури ӯ дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” аз ҷониби Душанбеи расмӣ танқид шуд. 28 декабр Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумита дар изҳороте гуфт, ҷониби Эрон ҳамеша аз Тоҷикистон ба сифати дӯсту бародари ҳамфарҳангу ҳамнажоду ҳамдин ёд мекунад, оё ба мавқеъ ва қонунгузории кишвари бародари худ арҷ ва эҳтиром мегузорад ё на? Ӯ дар идома суол гузошта буд: “Раиси ҳизбе, ки борҳо ҷиҳати анҷом додани аъмоли хунин, харобкориҳо, қатлу куштор дастур додаст, чӣ гуна боз метавонад аз боби ваҳдату бародарии мусулмонон сухан гӯяд?”
Баъди як рӯз, 29 декабр Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанберо даъват карда, ба ӯ ёддошт ё “нота” супурд. Дар ин ёддошт омадааст: "Вазорат бо камоли таассуф таъкид мекунад, ки ба конфронс собиқ раиси ҳизби ифротгаро ва террористии наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ, ки нисбаташ барои кӯшиши табадулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, айни ҳол дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад, даъват шуда буд”.
Конфронси “Ваҳдати исломӣ” 27 декабр дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон оғоз шуда, то 29 декабр идома ёфт. Дар кори он аз Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иштирок доштанд.