Э.Раҳмон ба капитани ҳалокшудаи КДАМ ордени “Шараф” дод
Капитани ҳалокшудаи қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон -- Азимов Азамат Абдураҳимович бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бо ордени “Шараф” дараҷаи як сарфароз шудааст.
Дар фармони президент гуфта шудааст, ки орден “барои корнамоӣ дар ҳимояи марзи Ватан” супурда мешавад. Ба иттилои расонаҳои давлатӣ, ордени “Шараф”-ро имрӯз, 29 декабр Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ -- Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини аввали раиси КДАМ аз номи Эмомалӣ Раҳмон ба падари Азимов тақдим кардааст. Оқои Раҳмоналӣ гуфтааст, Ҳукумати Тоҷикистон қаҳрамонии фарзандони ҷасурро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва оилаву фарзандони онҳоро мунтазам дастгирӣ менамояд.
Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи Азимов дар хиёбони Нусратулло Махсум як манзили дуҳуҷрагӣ бо тамоми ашёи хона супорида шудааст.
Азимов Азамат Абдураҳимович 16 январи сои 1979 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, Донишгоҳи омӯзгории ин шаҳрро хатм кардааст. Даҳ сол дар қӯшунҳои сарҳадӣ адои вазифа намуда, дар Русия, Миср ва Чин донишу таҷриба омӯхтааст.