Суғд соли сеюм ҳам нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро накард
Вилояти Суғд имсол ҳам мисли ду соли қабл натавонист нақшаи ҷамъоварии пахтаро 100 дарсад иҷро кунад.
Бобоҷон Домуллоев, мушвори калони Сарраёсати кишоварзи вилояти Суғд ба “Озодагон” сабаби иҷро нагаштани нақшаро ба чанд омил рабт дод: “Якум ин ки соли равон мебоист, дар майдони 54 ҳазору 150 гектар пахта кишт мешуд, вале дар асл дар майдони 42 ҳазору 953 гектар пахта кишт кардем, ки 11 ҳазору 197 гектар камтар аст”.
Ҷаноби Домуллоев афзуд, “дар натиҷаи ба амали омадани буҳрони иқтисодӣ арзиши нахи пахта дар биржаи Ливерпул низ хеле коҳиш ёфт ва бинобар сард омадани обу ҳаво кишти пахта низ дертар, яъне дар моҳи апрел, ба роҳ монда шуд, ки ба деҳқон таъсири манфӣ расонид”.
Бино ба иттилои мушвори калони Сарраёсати кишоварзи вилояти Суғд, соли равон нақшаи дурнамои тиллои сафед 115 ҳазору 100 тоннаро ташкил медод ва то якуми декабр ҳамагӣ 76 ҳазору 393 тонна пахта, яъне 66,4 ҷамъоварӣ гардид, ки ин рақам дар қиёс ба соли гузашта 22 ҳазору 387 тонна камтар аст: “Аз 18 шаҳру навоҳии вилоят танҳо 7 ноҳияи вилояти Суғд ба кишту кори тиллои сафед машғуланд, ки имсол дурнаморо иҷро накарданд”.
Бобоҷон Домуллоев афзуд, барои дар соли оянда ба пуррагӣ иҷро кардани нақшаи пешбинишуда кишоварзони вилоят ният доранд, майдони кишти пахтаро зиёд намоянд: “Дар назар аст, соли 2016 аққалан дар майдони 54 ҳазор гектар пахта кишт шавад”.