Аз орзуи Р.Эмомалӣ то супоришаш ба тими миллӣ ва мухлисияш аз “Манчестер Юнайтед”
Рустами Эмомалӣ дар ҷамъбасти чорумин соли роҳбарияш дар Федератсияи футболи Тоҷикистон аз бурду бохти футболи тоҷик, аз вазифаи гузоштааш назди дастаи мунтахаб ва аҳамияти мухлисону мураббиён суҳбат кардааст.
Ӯ дар посух ба суолҳои ҳафтаномаи “СССР” дар қатори дастовардҳо зикр намудааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 4 майдони калон ва наздики 10 майдончаи футболбозии сабзаашон сунъӣ ба истифода дода шуданд: "Нахустин Академияи футболи кӯдакону наврасон ба фаъолият оғоз кард.... Агар, се-чор сол қабл, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 2-3 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба машқи футбол фаро гирифта шуда бошанд, айни замон ин шумора бештар аз 30 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Беҳтарин истеъдодҳо ба ҳайати мунтахабҳои наврасону ҷавонони мамлакат шомил гардонида шуда, зери роҳбарии мураббиёни касбӣ машқ мекунанд. Фаъолият дар ин самт идома дорад”.
Рустами Эмомалӣ барои ҳамчун футболбози ҳақиқӣ ва боистеъдод тарбия шудани бозигарон, пеш аз ҳама мураббиёни касбиро зарур хонда, таъкид намудааст, ки баланд бардоштани дараҷаи касбияти мураббиёни футбол, яке аз аз самтҳои асосии фаъолияти Федератсияи футболи мебошад.
Раиси федератсияи футболи Тоҷикистон дар ғалабаҳое, ки то ҳол дастаҳои кишвар ба даст овардаанд, дар баробари заҳматҳои пайвастаи роҳбарият, мураббиён, футболбозон ва ҳайати хизматрасони дастаҳо саҳми мухлисонро низ хеле калон арзёбӣ кардааст: “Дастгирии онҳо ба бозигаронамон нерӯву тавони тоза бахшид. Футбол барои мухлисон аст ва бе ҳузури онҳо маънои аслии худро гум мекунад. Ба ҳаммаи он мухлисоне, ки дар бозиҳои хонагии дастаҳои мунтахаб ва бошгоҳҳои футболи тоҷик ба варзишгоҳ омада, моро дастгирӣ карданд, сипосгузорӣ баён мекунам”.
Дар бораи баромади бебарори мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2018 Рустами Эмомалӣ изҳор доштааст, ки “футбол дар дунё бо суръати кайҳонӣ инкишоф ёфтаву пеш рафта истодааст. Дар тамоми сайёра дар футбол бозӣ карданро ёд гирифтанд. Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин қисмати мусобиқа, дар назди ситоди мураббиёни мунтахаби миллии кишвар, вазифаи баромадан ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё дар соли 2019-ро гузоштаст ва барои иҷроиши он тамоми чораҳои лозима андешида мешаванд. Шахсан бовар дорам, ки мунтахаби миллии Тоҷикистон аз иҷрои ин вазифа мебарояд”.
Раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи он, ки фаворити кадом даста аст, посух додааст, ки “ман мухлиси тими миллии Тоҷикистон ҳастам! Аз дастаҳои маъруфи ҷаҳонӣ бошад, “Манчестер Юнайтед”-и Англияро ҳаводорӣ мекунам”.
Рустами Эмомалӣ дар охир мухлисони футболро бо фарорасии Соли Нав шодбош гуфта, афзудааст: “Таманнои онро дорам, ки мухлисони футболи тоҷик ҳамеша тансиҳату солим ва хонаободу хушбахт бошанд! Аз бохти дастаҳояшон рӯҳафтода нашаванд! Зеро футбол бо бурду бохтҳояш зебо аст! Соли Нави ҳар яки онҳо муборак ва пурфайз бошад!”