Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон изҳор медоранд, ки айни ҳол дар кишвар стратегияи нави идораи қарзҳои хориҷӣ барои солҳои 2012- 2014 таҳия шуда истодааст.
Ба иттилоъи манбаъ, дар он ҳамаи нишондодҳои стратегияи мавҷуда аз сари нав баррасӣ мешаванд. «Дар Тоҷикистон эҳтимолияти ҷалби қарзҳои бесамар, коҳиш ёфт, минбаъд қарзҳое, ҷалб мешаванд, ки таркиби грантиашон на камтар аз 35 фойизро ташкил медиҳанд»,- иттилоъ доданд ба хабаргузории «Озодагон» аз Вазорати молия. Раванди ҷалби қарзҳои хориҷии кишвар дар доираи Барномаи махсус, ки аз ҷониби парлумон тасдиқ шудааст, сурат гирифта истодааст ва ҳаҷмашон мояи нигаронӣ нест.
Ба иттилои манбаъ, айни ҳол ҳаҷми қарзҳои хориҷии Тоҷикистон беш аз 2 миллиарду 100 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ба 33,4 фойизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст. Манбаъ таъкид мекунад, ки дар Тоҷикистон буданд, солҳое, ки қарзи хориҷӣ 110 фойизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медод.Масъулини Вазорат изҳор медоранд, ки идораи қарзҳои хориҷӣ, пайваста зери назорати қатъии ҳукумат буда, ҳамасола барои баргардондани ин қарзҳо аз буҷет маблағи муайян ҷудо мешавад.{jathumbnail off}