Пулис омилони таркиши таҳлукаандоз дар маркази Душанберо муайян кард
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, омилони таркиши шаби 25 декабр, ки сокинони маркази Душанберо ба таҳлука андохт, муайян ва муҷозот шудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, "25 декабр, тақрибан соати 23:28 аз ҷониби кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Пушкин садои баланди ташвишовар шунида шуд". Ба иттилои манбаъ, маъмурини пулис, ки дар хиёбони Рӯдакӣ адои хизмат мекардаанд, ҳангоми азназаргузаронии кӯчаҳо ду ҷавони 28-соларо боздошт намуданд. Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, "муайян шуд, ки айбдоршавандаҳо бо мошинҳои Тойота-Лексус ба кӯчаҳои марказии Душанбе омада, тариқи таҷҳизоти худсоз бо истифодаи маводи пиротехникӣ таркиш ба амал меовардаанд".
Манбаъ таъкид мекунад, гумонбаршудаҳо барои ин амалашон ҷарима шуданд.