Юлдуз Усмонова дар таронааш Ислом Каримовро вориси Темурланг хондааст
Юлдуз Усмонова, сарояндаи маъруфи Узбакистон 22 декабр дар тарабхонае дар бораи президенти ин кишвар -- Ислом Каримов суруд хондааст.
Ӯ дар ҳузури 500 меҳмони тарабхона гуфтааст, “ман барои подшоҳамон, падари миллат, ки чанд сол аст Ӯзбекистонро идора мекунад, сулҳу ваҳдатро дар кишвар таъмин мекунад, шеър навиштам. Ман ҳазор бор аз ӯ миннатдорам”.
Суруди ӯ аз ситоиши шаҳри Самарқанд, ки зодгоҳи президент Ислом Каримов аст, оғоз шуда, дар идома Каримовро вориси Амир Темур (Темурланг) номидааст.
Ба иттилои расонаҳо, миёни меҳмонон намояндаҳои сафоратхонаҳо, аз ҷумла сафири Туркия дар Узбакистон -- Намик Гюнер Эрпул низ будаанд.