Боздошти духтуре, ки ба ивази маблағ занонро “бокира” мекардааст...
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 61-сола дар шаҳри Исфара хабар дод, ки ба ивази маблағ пардаи бокирагиро барқарор мекардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод боздоштшуда мутахассиси амрози занона мебошад, ки санаи 25 декабр аз зани 20-сола, сокини шаҳри Исфара барои барқарор намудани пардаи бокирагиаш 3000-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст: “Аз табиби дастгиршуда 3000 сомонӣ далели шайъӣ гирифта шуд”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, алайҳи ин зан барои тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.