Даргузашти собиқи раҳбари оҳангсозони Тоҷикистон ва муаллифи “Республикаи ман”
Шарофиддин Сайфиддинов, оҳангсози маъруфи тоҷик, имрӯз, 25 декабр дар синни 86-солагӣ аз олам чашм пӯшидааст.
Сайфиддинов муаллифи оҳанги суруди “Республикаи ман” мебошад, ки расо 40 соли қабл-1975 эҷод шуда, аз сӯи Аҳмад Бобоқулов сароида шудааст.
Оҳангсози марҳум 24 августи соли 1924 дар шаҳри Ленинободи пешин, Хуҷанди феълӣ таваллуд шудааст. Ӯ донишомӯхтаи омӯзишгоҳҳои Хуҷанд ва Душанбе буда, соли 1952 аз консерваторияи Маскав фориғ шудааст. Солҳои 1960- 1962 ба ҳайси роҳбари Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе кор кардааст. Солҳои 1962 -1984 раиси Иттиҳодияи компазиторони Тоҷикистон будааст. Устоди Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва асосгузори Академияи ҳунари мусиқии Хуҷанд мебошад.