Барканории тобеини Р.Эмомалӣ баъди овозаи фасодкорӣ
Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон фармони барканории се мансабдори ниҳоди тобеяшро имзо кардааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон”, Шарифзода Миралӣ Саидалӣ - сардори раёсати кадрҳо, Суннатзода Самандар Мирзо, сардори раёсати амният ва Аъзам Шафоатов - корманди шӯъбаи фаврии Оҷонсӣ аз мақомашон барканор шудаанд.
Ин тағйирот дар пайи овозаҳо оиди ифшои фасодкорӣ миёни мансабдорони Оҷонсии зидди фасод сурат гирифт. Аммо дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод аз ифшои қонуншикании мансабдорони ин ниҳод изҳори бехабарӣ кард.