Отамбоев: На президент шуданиям, на сарвазир ва на раиси парлумон
Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон дар нишасти матбуотии солонааш изҳор доштааст, баъди анҷоми ваколати президентиаш комилан аз сиёсат меравад ва дигарбора на танҳо президент, балки сарвазир ва ҳатто раиси парлумон ҳам шуданӣ нест.
Отамбоев ҳамчунин гуфтааст, набояд аз ҳар чизе барои худ сипар сохт, ҳатто аз Қонуни Асосӣ: “Президент бояд бидонад, ки ин як таваккалкории бузург аст. Агар чунин бозиҳо идома пайдо кунанд, ман маҷбурам ба мардум муроҷеъ шавам”.
Ба қавли Отамбоев талошҳо барои боқӣ мондан дар қудрат ва масдуд кардани роҳҳои сиёсӣ билохира ба “қушқорҷанг” оварда мерасонад.