(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...
Ҷавононе, ки назди Сафорати ИМА дар Душанбе гирди ҳам омадаанд, мегӯянд, аз масъулин ваъдаи дарёфти посухи номаашонро гирифтанд.
Яке аз ин ҷавонон Амрикоро давлати демократӣ, сулҳхоҳу ободихоҳ ва ҳамеша дар канори Тоҷикистон номида гуфт, мехоҳанд, ки ба мактубашон посух бигиранд: “Касоне, ки ба Тоҷикистон ноамнӣ меоранд, онҳоро ба Тоҷикистон баргардонад”.
Ин ҷавонон дар суҳбат ба хабарнигори "Озодагон" гуфтанд, масъулини сафорат шумораи телефон ва суроғаи онҳоро гирифта, ваъда додаанд, дар кутоҳтарин фурсат ҷавоби номаашонро мегардонанд: “Агар ҷавоби мактубро нафиристанд, ин навбат ҳамон 500-600 нафареро, ки зери он имзо гузоштаанд, гирифта назди сафорат ҷамъ мешавем”.
Ҷавони дигар гуфт, “таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ягон кишвари бузурги хориҷӣ барои мо тоҷикон давлат намесозад. Ҳама вақт тақдири ояндаи худамонро худамон ҳал мекунем”.
Ин ҷавонон далели навиштани муроҷиатномаро дар он шарҳ доданд, ки “Амрико ба нафароне, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон ноамнӣ биёранд, дар кишвари худ минбар медиҳад ва онҳо аз минбарҳои Амрико ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунанд”.
Ин гуруҳи ҷавонон, ки ба гуфтаи хабарнигори “Озодагон” ҳудуди 15 нафаранд, соатҳои тақрибан 10:10-и имрӯз, 24 декабр назди Сафорати ИМА дар Душанбе гирди ҳам омаданд. Онҳо гуфтанд барои ҷавоби номаашон дар мавриди боздошт ва истирдоди Додоҷони Атовулло, Абдумалик Абдуллоҷонов ва Муҳиддин Кабирӣ омадаанд. Ба гуфтаи онҳо, баъди дарёфти ҷавоби сафорат назди дафтари САҲА дар Тоҷикистон хоҳанд рафт.
Гирдиҳамоии ин афрод дар ҳолест, ки 15 апрели соли равон як гуруҳи иборат аз 10-20 нафар назди Сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, хостори мулоқот бо сафир шуда буданд. Аммо кормандони пулис се тан аз ин эътирозгаронро боздошт карданд. Он вақт Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфта буд, “гирдомадагон бисёр эҳсосотӣ ва бадхашмона рафтор намуда, худашон намедонистанд, чӣ мехоҳанд. Аз додзаниҳояшон маълум набуд, ки онҳо барои чӣ ё зидди чӣ баромад мекарданд. Сафири Олмон Холгер Грен изҳори омодагӣ кард, ки ду намояндаи эътирозгаронро қабул кунад, аммо ин натиҷае надод, чун онҳо бисёр эҳсосӣ буданд ва сафорат ба далоили амниятӣ дарҳояшро накушод”.
27 октябри соли равон гуруҳе аз ҷавонон бо баргузории як ҷамъомад дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз мақомоти Амрикою Аврупо маҳкумсозии Абдумаллик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазир ва номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби фаъолияташ дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва Додоҷони Атовулло, раҳбари ҳаракати “Ватандор”–ро карда буданд. Ин ҷавонон гуфтанд, ба сафоратҳои Амрикову Олмон дар Тоҷикистон нома навишта, дархости боздошт ва истирдоди ин се нафарро кардаанд. 19 ноябри соли равон гуруҳе аз ҷавонон бори дигар назди сафорати Олмон ҷамъ омаданд.Аслиддин Хушвахтов, яке аз ин ҷавонҳо ба “Озодагон” гуфта буд, масъулини сафорати Олмон назди ҷавонони ҷамъомада баромада, изҳор доштаанд, ки сафир феълан дар Олмон аст ва посухи расмӣ аввали моҳи декабр дар ҳузури хабарнигорон ба ин гуруҳ ироа хоҳад шуд.