130 ҳазор евро кумаки ду созмони Олмон ба осебдидаҳои Бартанг
Tajik Aid ва Pamir-Hilfe, ду созмони ғайриҳукуматии Олмон ба хонаводаҳои аз заминларзаи шадиди 7 декабр зарардидаи водии Бартанг кумаки башардӯстона расондаанд.
Бино ба иттилои Сафорати Олмон дар Душанбе, ҳаҷми умумии кумакҳо 130 ҳазор евро буда, аз сару либос маводи хурока ва доруворӣ иборатанд. Манбаъ мегӯяд, кумакҳо дар пайи дархости Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ирсол шудаанд.
Рӯзи 7 декабри соли равон Тоҷикистонро заминларза такон дод, ки маркази он дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон ва дараҷаи он 7,2 Рихтер гуфта шуд. Бар асари ин заминларза 2 нафар кушта, даҳҳо тан захмӣ ва беш аз 800 манзил пурра ва қисман хароб шудааст. Хисороти бештар ба водии Бартанги ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон расидааст.