Таҳдиди ДИИШ ба зебосанами ироқӣ
Ҷангҷӯёни гуруҳи террористии “Давлати исломӣ”, Шайма Қосим, ғолиби мусобиқаи “Зебосанами Ироқ”-ро таҳдид ба марг кардаанд.
Ба навиштаи расонаҳои арабӣ ҷангҷӯёни ДИИШ ба Шайма тамос гирифтаву гуфтаанд, ки дар сурати сарпечӣ аз ҳамроҳ шудан ба ин гуруҳ, ӯро сар мебуранд.
Ба иттилои манобеъ, ин зебосанами ироқӣ дар ҳолати тарсу ваҳшат қарор дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳангоми эътои ҷоизаи “Зебосанами Ироқ” ба Шайма Қосим, ӯро “намоди баргаштани Ироқ ба ҳайёти осоишта” гуфтанд.
Ӯ гуфтааст, ки ин мақомро барои тарғиби маориф ва фарҳанг дар кишвараш истифода мекунад.