Ҷоми иттиҳод-2016: Футболбозони ҷавони тоҷик нахуст бо русҳо қувва меозмоянд
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-22) дар доираи мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод-2016 нахуст бо тими ҷавонони Русия қувва меозмояд.
Тавре Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, нахустин рақобати мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқот 17 январ дар варзишгоҳи шаҳри Санкт-Петербург бо тими Русия доир мегардад. Ба иттилои манбаъ, мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон бозии дувумро 19 январ бо мунтахаби Эстония ва бозии сеюмро 21 январ бо дастаи Латвия анҷом хоҳад дод.
Дар мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод-2016, ки аз 16 то 24 январ дар Санкт-Петербург баргузор мегардад, 8 даста – Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Молдова, Русия ва Эстония иштирок мекунанд. Соли қаблӣ дар ин мусобиқа 12 даста ширкат карда, Ҷоми Иттиҳод-2015 насиби тими ҷавонони то 21-солаи Африқои Ҷанубӣ гардид.