Боздошти марде, ки сокини хобрафтаи Айниро ғорат кардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони пулис як марди 45-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо иттиҳоми дуздӣ боздошт кардаанд.
Тавре ин ниҳод хабар медиҳад, “дастгиршуда дар автовокзали маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд бо тариқи пинҳонӣ аз дохили борхалтаи марди 31-солаи сокини ноҳияи Айнӣ ҳангоми хоб буданаш, маблағи пулӣ 1000 сомонӣ, як адад телефони мобилии тамғаи “Нокия С-5”, сару либос ва молу ашёҳои рӯзгор, ҷамъ ба маблағи умумии 2018 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”.
Манбаъ мегӯяд, аз дастгиршуда далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуд: “Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.