Бобак Занҷонӣ як моҳ муҳлат гирифт
Расул Куҳпоязода, вакили дифои Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, дар поёни ҷаласаи 21-уми додгоҳӣ аз қозии парванда дархост кардааст, мурофиаҳои додгоҳиро ба муддати як моҳ мавқуф гузоранд.
Куҳпоязода гуфтааст, ба мувакилаш як моҳ вақт бидиҳанд, то қарзҳояшро ба ширкати нафти “HK” бипардозад. Ба иттилои ӯ, “то як моҳи оянда ҳеч додгоҳе дар ҷиҳати расидагӣ ба парвандаи фасоди нафтӣ баргузор намешавад ва талоши Занҷонӣ бар ин аст, ки дар ин як моҳ қарзҳои худро ба ширкати нафт пардохт кунад”.
Бобак Занҷонӣ мутаҳҳам аст, ки дар замони раёсатиҷумҳурии Маҳмуд Аҳмадинажод бахше аз нафти Эронро ба фурӯш расонда, пулашро ба Вазорати нафт надодааст. Дар парвандаи вобаста ба қарзҳои Занҷонӣ аз ширкати нафти “HK” омадааст, ки ӯ ба пардохтани беш аз 2 миллиард евро ба паймонкорони Вазорати нафт муваззаф шудааст.
Бобак Занҷонӣ, аз сармоядорони эронӣ аст, ки ширкатҳои “Kont group Tajikistan”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” дар Тоҷикистон ба ӯ нисбат дода мешавад.