(ВИДЕО) В.Никитюк дар бораи хатари ДИИШ: Баҳогузориҳо бояд мақсадҳои дигар надошта бошанд
Сафири Украина дар Тоҷикистон дурнамои рушди равобити Душанбеву Киевро мусбат ва хушбинона гуфт. Виктор Никитюк дар нишасти хабарие имрӯз, 22 декабр дар пойтахти Тоҷикистон соҳаи барқро ба ҳайси ҳамкории меҳварии ду кишвар унвон кард. Ӯ гуфт, “воқеъан таҷҳизоти Украина аз ҷиҳати сифат ҷавобгӯи тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ аст. Мо медонем, ки барқ бо дарназардошти захираҳои бойи обӣ соҳаи бунёдӣ ва стратегии иқтисоди Тоҷикистон мебошад”.
Ин мақоми дипломатии Украина таъкид кард, дар ин замина бояд аз тамоми зарфиятҳои мумкин истифода шавад. Ӯ ҳамкории Тоҷикистону Украинаро фаротар аз масоили барқ хонда, изҳор дошт: “Мо идеяҳо ва тарҳҳои дигари ҷолиб ҳам дорем. Ман имкон доштам, ки аз тамоми минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дидан кунам. Аз он ҷумла тақрибан як моҳ қабл ба минтақаи озоди тиҷоратии Панҷ сафар кардам. Дар ҳамаи ин ҷоҳо идеяҳои хуб барои ҳамкорӣ пайдо мешаванд. Барои мисол, чандин бор бо ҳамкорони худ дар Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ кардем. Ҳоло дар заминаи васл кардани техникаи кишоварзии Украина дар Тоҷикистон гуфтушунидҳо дар ҷараёнанд”.
Ба гуфтаи сафири Украина дар Тоҷикистон, кишвараш тамоми қарордодҳо, аз он ҷумла таҳвили таҷҳизоти энергетикаро, бидуни таъхир анҷом медиҳад. Виктор Никитюк мегӯяд, чанде пеш бо вазири иқтисоди Тоҷикистон дидор дошт ва дар мавриди ҷамъ кардани иттилоот дар заминаҳои иқтисодӣ ба тавофуқ расиданд. Аммо, ӯ афзуд, “мутаассифона, сафорат ба ҳайси як ниҳоди дипломатӣ на ҳама вақт иттилооти навро дар бораи амалӣ шудани қарордодҳои иқтисодӣ дастрас мекунад. Бо вуҷуди ин умедворам бар асоси тавофуқи боло мо имкон пайдо мекунем, ки иттилооти навро дар ин замина ба даст меорем”.
Сафири Украина ба суоли “Озодагон” дар мавриди хатари ДИИШ аз Афғонистон ба Тоҷикистон гуфт, бар пояи баҳогузориҳои мақомоти тоҷик чунин хатар вуҷуд дорад. “Аз рӯи баҳогузориҳои мақомоти Тоҷикистон чунин хатар дар миён аст. Аз ин рӯ, бояд ба хотири кам кардани ин хатар ҳамеша омода буд ва аз пайомадҳои манфӣ ҷилавгирӣ кард”,-илова намуд ӯ.
Аммо, ҷаноби Никитюк таъкид кард, тамоми баҳогузориҳои ин масъала бояд воқеъбинона бошанд: “Барои ман, ба ҳайси намояндаи Украина муҳим он аст, ки баҳогузориҳои ин хатар воқеъбинона бошанд ва ягон мақсадҳои дигар надошта бошанд”.