То 31.07.16. Таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия тамдид шуданд
Иттиҳоди Аврупо муҳлати таҳримҳои зидди Русияро барои ним соли дигар тамдид кард. Таҳримҳо 31 июли соли 2014 дар посух ба тасарруфи Қрим ва пуштибонӣ аз ҷудоихоҳони шарқи Украина роҳандозӣ шуда буд. Акнун, ин таҳримҳо то 31 июли соли 2016 идома мекунанд.
Иттиҳоди Аврупо барои тамдиди муҳлати таҳримҳо далел пеш овард, ки созишномаи сулҳи Минск то охири сол иҷро нахоҳад шуд. Тасмими тамдиди таҳримҳоро нахуст 18 декабр сафирони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гирифта буданд. Таҳримҳо бахши молия, энержӣ ва иқтисоди ҳарбии Русия ва ҳамчунин бархе аз шахсони алоҳидаро фаро мегиранд.