Сафири Украина: Хатсайри ҳавоии Душанбе-Киев барқарор мешавад
Сафири Украина дар Тоҷикистон мегӯяд, қарор аст соли оянда хатсайри ҳавоии Душанбе-Киев дубора барқарор шавад. Ин нуктаро Виктор Никитюк, имрӯз, 22 декабр дар як нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Хайтсайри мазкур то якуми феврали соли 2013 фаъол буд. Ба гуфти ҷаноби Никитюк, ҷониби Украина барои аз сар гирифтани хатсайри Душанбе-Киев тамоми омодагии лозимро дорад. Ӯ гуфт, “ширкатҳои ҳавонавардии кишвари мо чанд бор омодагии худро барои шурӯи ин иқдом изҳор карданд. Мо дар ҳоли ҳозир ҷавоби ҷониби Тоҷикистонро барои сафари як ҳайат бо ҳадафи баргузории гуфтушунид роҷеъ ба ин масъала мунтазирем. Ба ин тартиб, мунтазири тасмими ҷониби Тоҷикистон барои додани муҷаввиз ба тайёраҳои Украина ҳастем”.