Маҳкумияти тоҷике, ки барои занаш маъмури “ФМС”-ро дашном додааст
Додгоҳи ноҳияи Петрогради шаҳри Санкт Петербург Соатмурод Бекпулодов, шаҳрванди Тоҷикистонро барои таҳқири корманди Хадамоти муҳоҷирати Русия (ФМС) 20 ҳазор рубл ҷарима кардааст.
Тибқи иттилоияи додситонии шаҳри Санкт Петербург Бекпулодов 30 октябри соли равон дар майдони сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар хиёбони Динамо корманди “ФМС”-ро зимни иҷрои вазифаҳои хидматияш таҳқир кардааст.
Ба иттилои манбаъ маъмури “ФМС” муайян кардааст, ки ҳамсари Бекпулодов бидуни иҷозатнома ба кор машғул аст: “Аммо ба Бекпулодов, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, муносибати корманди “ФМС” ба ҳамсараш маъқул нашудааст ва ӯро дашном додааст”.