Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит гуфт, ду моҳ аст, шавҳарашро надидааст
Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит, узви боздоштшудаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ мегӯянд, наздики ду моҳ аст, иҷозаи дидор бо ӯро надоранд.
Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари оқои Ҳайист имрӯз, 21 декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, танҳо як маротиб ва он ҳам 28 октябр бо шавҳараш дидор дошт. Дар ҳоле, ки ба қавли вай, “наздикони боздоштшудаҳои дигар ду ва семаротибаӣ ба наздашон рафта ва суҳбат карданду аз аҳволашон хабар гирифтаанд”.
Аммо Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалӣ Ҳайит ба “Озодагон” гуфт, бори охир ҳафтае қабл бо ӯ мулоқот намуд. Ба гуфтаи Ёров, оқои Ҳайит аз чизе шикоят накарда ва ҳолаташ хуб мебошад: “Муфаттишон барои вохӯрӣ то имрӯз иҷозат намедоданд. Ҳозир ба Прокуратураи генералӣ даромадам. Он ҷо гуфтанд, ки охири ҳамин ҳафта, рӯзи ҷумъа барои мулоқот бо Маҳмадалӣ Ҳайит иҷозат доданд. Ман ба онҳо гуфтам, ки манъ кардани дидор бо зерҳимояам ба манфиати шумо нест. Инро ман дар рафти мурофиаи судӣ истифода мебарам, ки шумо ҳуқуқҳои моро ба ҳимоя маҳдуд кардед. Гуфтанд, ки ин масъаларо дида, ҳамин рӯз ҳал мекунем”.
Шодихон Ҳомидов, муфаттиши парвандаи марбут ба Маҳмадалӣ Ҳайит имрӯз, 21 декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ин бора маълумоте дода наметавонад: “Тафтишот роҳбар дорад, мо як муфаттиш мебошем”.
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳамроҳ бо 12 тан аз фаъолони дигари ин ҳизб баъд аз исёни муовини собиқи вазири мудофиа – Абдуҳалим Назарзода ё “Ҳоҷи Ҳалим” боздошт шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон аввалҳои моҳи октябри соли равон гуфт, алайҳи дастгиршудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалӣ Ҳайит мегӯяд, “дар назар аст, аввалҳои моҳи январ тафтишоти парвандаи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ анҷом шуда, ба суд ирсол гардад”.