Ихроҷи тоҷиконе, ки дар партовгоҳи Челябинск иқомат доштаанд
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Челябинск аз ихроҷи 22 муҳоҷири тоҷик аз қаламрави Русия хабар додааст, ки бештари онҳо дар партовгоҳи шаҳр иқомат доштаанд.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод аз 22 муҳоҷири тоҷик, ки 19 декабр аз Русия хориҷ шуданд, 5 нафарашон дар шаҳри Магнитогорск ва 17 нафарашон дар партовгоҳи шаҳрии Челябинск боздошт гардиданд.
Манбаъ мегӯяд, то ихроҷ ба Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатӣ дар боздоштгоҳи муваққатии махсус нигоҳ дошта шудаанд. Мақомоти муҳоҷирати Челябинск мегӯянд, дар маҷмуъ аз аввали сол 500 муҳоҷирро барои нақзи қоидаҳои будубош аз Русия хориҷ кардаанд.