Русия: Шаҳрванди Тоҷикистон гуфта, хоҳараш ба Сурия гурехтааст
Як шаҳрванди Тоҷикистони муқими Санкт-Петербурги Русия ба пулис гуфта, хоҳараш ба Сурия фирор кардааст. Ба иттилои ин зан, хоҳараш – Фарзона вақтҳои ахир бештар сомонаҳои марбут ба олами Исломро мутолиа мекард.
Life78 бо такя ба манобеаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия хабар медиҳад, ин зан гуфта, хоҳараш баъди низои лафзӣ бо наздикон ба қатори самти Маскав нишаст ва тасмим дорад аз онҷо ба Сурия парвоз кунад.
Ба нақли хоҳари Фарзона, ӯ бо худ шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду телефони мобилиӣ дорад, ки ба ҳеч як ҷавоб намедиҳад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия гуфта, ҳоло ҷустҷӯи ин хонум идома дорад.