Дархости ташхиси такрории марги Умаралӣ Назаров
Наздикони Умаралӣ Назаров, тифли 5-моҳаи тоҷик, ки ба таври мармуз дар Санкт-Петербурги Русия даргузашт, натиҷаи ташхиси марги ӯро қабул надоранд.
Олга Сейтлина, вакили дифои падари Умаралӣ гуфтааст, баъди бо натиҷаи ташхис шинос шудан, онҳо аз Кумитаи тафтишотии шаҳри Санкт-Петербург дархост кардаанд, дар муассисаи тиббии шаҳр ташхиси такрорӣ гузаронида шаванд.
Сабабҳои марги Умаралии панҷмоҳаро қаблан мутахассисони рус ситомегалавирус гуфта буданд. Дар ташхиси нав бошад, гуфта мешуд, гӯиё Умаралӣ чанд рӯз қабл аз интиқолаш ба пулис ба бемории парагрипп мубтало шудааст, аммо волидонаш ӯро муолиҷа накардаанд: “Дар баробари ин Умаралӣ ҳанӯз дар батни модараш бо ситомегаловирус сироят ёфтааст ва бемориҳо яке болои дигар зам шуда, бо марг анҷомидаанд”.
Ин дар ҳолест, ки 4 декабр Муқаддас Абдураҳмонова, вакили мудофеи Зарина Юнусова, модари Умаралӣ аз қавли пизишкони додгоҳии Тоҷикистон гуфта буд, дар хуни Зарина ангезаи ситомегаловирус дида нашудааст.
Умаралӣ Назаров, навзоди тоҷик 13 октябри соли равон дар пайи боздошти модараш Зарина Юнусова аз сӯи пулиси ноҳияи Адмирали шаҳри Петербург дар беморхонаи Сембалина ба таври мармуз ҷон дод. Зарина бо иттиҳоми нақзи қавоиди буду бош аз Русия депорт шуд. Сарраёсати тафтишотии Русия Рустам Назаров, падари Умаралиро расман ҷабрдида эълом кард.
Ин қазия сару садоҳоеро дар пай дошт. Шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русия ва худи табааи он кишвар чандин маврид пикет баргузор намуда, муҷозоти омилони марги ин тифли панҷмоҳаро талаб карданд.