Нашри китоби нави Шокирҷон Ҳакимов дар Олмон
Нашриёти “Palmarium academic publishing”-и Олмон китоби доктори илмҳои ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимовро мунташир кардааст. Ин китоб, ки “Конститутсионализми Тоҷикистон: назария ва методология” ном дорад, бо забони русӣ аз чоп баромада, муаллифи он мегӯяд, ояндаи наздик он бо забонҳои инглисӣ ва фаронсавӣ ҳам тарҷума мешавад.
Шокирҷон Ҳакимов имрӯз, 21 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар китоб мушкилиҳои шаклгирии конститутсионализми Тоҷикистон ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ баррасӣ шудаанд: “Таваҷҷуҳи асосӣ ба набуди фарҳанги демократия, ҳаллу фасл нашудани конститутсионализми Тоҷикистон то пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ва инчунин ҷанбаҳои методологии ин мушкил равона гардидааст”.
Ҷаноби Ҳакимов афзуд, конститутсионализми Тоҷикистонро аз зовияи вижагиҳои фарҳангӣ ва таърихӣ таҳқиқ карда, онро дар шароити марҳилаҳои гуногуни таърихии кишварҳои аврупоӣ баррасӣ кардааст.
Моҳи августи соли равон дар Душанбе китоби дигари Шокирҷон Ҳакимов бо номи “Асосҳои таърихию фарҳангӣ ва вижагиҳои ташаккули конститутсионализм дар Тоҷикистон” нашр шуда буд.