Падари 95-солаи Муҳиддин Кабирӣ: Ҳеч бовар надорам, ки ягон гапи зиёдатӣ гап занӣ (ВИДЕО)
Тило Кабиров, падари Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дар як навори кутоҳи видеоӣ аз писараш даъват мекунад барои ободии Ватан талош намояд.
Дар ин навор, ки ахиран тавассути Ютуб паҳн гардид, падари 95-солаи Кабирӣ мегӯяд, “чаро аз Ватан беватан шудӣ? Охир ту ҳам роҳбар будӣ, ҳар кас хато мекунад, аз ҳаққи якдигар гузаред. Агар тавонӣ биё, дар ҳамин ҷо зиндагонӣ кун, агар натавонӣ кори худатро кун”.
Тило Кабиров дар идома таъкид мекунад, ки писараш назди хориҷиҳо шикоят накунад, зеро ба гуфтаи вай онҳо ба касе боварӣ надоранд: “Эй ҷураи Муҳиддин, барои ободии Ватан меҳнат кун, чи қадаре фоидаат мерасад хуб, агар не, дар ҳаққи Ватани мо ягон гапи зиёдатӣ нагӯ. Мо хубу ганда 90 сол аст, ки дар ин деҳа зиндагӣ мекунем, ягон зарару гапи зиёдатӣ аз мо нарасидааст. Ту низ чунин будӣ, чаро боз гапҳои зиёдатӣ гап мезанӣ. Барои ободии Ватан бикуш. Худо ба роҳбарон тавфиқу инсоф диҳад, ҳамин мамлакати моро орому тинҷ нигоҳ бидорад, ки ором бигардем, то мурданамон”.
Падари Кабирӣ меафзояд, “гапи зиёдатӣ назан, агар зада бошӣ ҳам, бахшиш бипурс. Мо дар ҳаққи шумо, ҷавонон ва дар ҳаққи роҳбари кишвар дуо мекунем. Парвардигоро ҳамин давлати моро тинҷу ором нигоҳ дорад. Ягон майда дар ҳаққи хиёнат гап назан, натавонӣ дам зан, ба гуфти халқ”.
Дар баробари навори суҳбати Тило Кабиров дар Ютуб навори дигаре нашр шуд, ки дар он Сафар Кабиров, бародари Муҳиддин Кабирӣ суҳбат мекунад. Ӯ мегӯяд, хабар ёфтаанд, ки берун аз кишвар баъзе гуруҳҳо пайдо шуда, онҳоро ба манфиати худ истифода мебаранд: “Эҳтиёт шуда, ба дасисаи ҳар гуруҳ ҳамроҳ нашавед. Мисол аҳволи Сурияро бинед, ки мардум ҳар рӯз гуреза шуда истодаанд. Худоё нахоста ягон кор шавад, Худованд ҳеч кадоми моро намебахшад. Мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки биёед, Ватанро дар якҷоягӣ обод кунем”.
Ин наворҳо дар ҳоле паҳн гардидаанд, дар бораи ба мақомот даъват шудани наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯъшуда дар Тоҷикистон-ҲНИТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо нашр шуданд. Аз ҷумла гуфта мешуд, Тило Кабирови 95-сола, падари Кабирӣ, Сафар Кабирови 54-сола, бародари ӯ, Саида Кабироваи 60-сола, хоҳарбузурги раиси ҲНИТ, Лаълхонум Кабирова, 70-сола, аммаи Кабирӣ (писараш Нарзуллоев Ҷамшед моҳе қабл боздошт шуда буд), Дилором Кабироваи 40-сола, ҳамсари бародари Кабирӣ, Исматулло Нарзуллоеви 74-сола шавҳари хоҳари раиси ҲНИТ, Додуло Нарзуллоеви 38-сола, ҷияни раиси ҲНИТ ба мақомот даъват шудаанд. Манобеи “Озодагон” гуфтанд, онҳо баъди суҳбат бо маъмурини мақомот раҳо шуданд: “Баъди суҳбат занон фавран ва мардон чанд соати баъд ҷавоб дода шуданд”.