Шукурҷон Зуҳуров ба Кувайт меравад
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар садри як ҳайат ба Кувайт сафар мекунад.
Муҳамадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон ба “Озодагон” гуфт, сафари ин ҳайат фардо, 19 декабр дар назар аст: “Ҳайати парлумонии кишвар бо даъвати раиси Маҷлиси уммаи давлати Кувайт ба он кишвар меравад”.
Манбаъ мегӯяд, аснои ин сафар Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон бо Шоҳи Кувайт, раиси Маҷлиси уммаи (парлумон), раиси хазинаи хайрия, вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ мулоқот хоҳад кард.
Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Кувайт то 22 декабр идома хоҳад ёфт.