РИА Новости: Тоҷикистон дар заминаи вуруди пул аз ҳисоби муҳоҷирон дар ҷойи аввал аст
Тоҷикистон дар заминаи вуруди ҳаҷми пул аз ҳисоби муҳоҷирон миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми аввал аст. Дар ин бора РИА Новости хабар додааст. Ин расона дар як матлаб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон бо такя ба омори Бонки ҷаҳонӣ гуфта, 49 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро пули муҳоҷирон ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Қирғизистон бо 32 дарсади ММД-аш аз ҳисоби пули муҳоҷирон дар ин мақом кишвари дувум аст. Непал бо 29 дарсад дар мақоми се, Молдов дар зинаи 4 ва Тонго бо дарёфти 24 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз аз пули муҳоҷирон дар ҷойи 5-анд.
Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ соли 2013, 247 миллион нафар хориҷ аз Ватани худ машғули кор будаанд. Ба пешбинии ин ниҳод, соли 2015 ин омор ба 250 миллион мерасад.