Ба иттилои манбаъ аксари мақтулон бо зарби тир ба сарашон кушта шудаанд. Қабл аз ба хок супурдани ҷасадҳо мақомоти маҳаллӣ онҳоро аксбардорӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ин суратҳоро баъдан ба хешовандони мақтулон нишон медиҳанд. Намояндагони Шӯрои миллии гузори Ливия ваъда кардаанд, ҷиҳати таҳқиқи муносибати ғайрибашарӣ ва ба муҷозот кашидани гунаҳкорони қатли ом талош мекунанд.
Рӯзи чоршанбе наздикони Қаззофӣ гуфтанд, ки ба Додгоҳи байналмилалии Гаага шикоят мебаранд. Ба қавли онҳо куштори президенти Ливия «ҷинояти низомӣ» аст. Муаммар Қаззофӣ дар наздикии зодгоҳаш, шаҳри Сирт 20 октябр кушта шуд.{jathumbnail off}