Боздошти як сокини Хуҷанд бо иттиҳоми куштори ҳамшаҳриаш
Раёсати умури дохилии Суғд аз боздошти як сокини 23-солаи шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки дар куштори сокини дигари ҳамин шаҳр гумонбар дониста мешавад.
Аз ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ кормандони милиса марди 23-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир намудаанд: “Муайян карда шуд, ки номбурда, санаи 16 декабри соли равон, тахминан соати 12:30 дақиқа дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди хоҷагии дар дасташ буда як маротиба ба шиками марди 25-солаи сокини ҳамин шаҳр задаст”.
Манбаъ афзуд, дар натиҷа марди 25-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст: “Феълан нисбат ба ҳодисаи мазкур паврандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”.