Таҳдиди шаш соли зиндони шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия
Як шаҳрванди Тоҷикистон ва 3 табааи Узбакистонро 6 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Ин афрод дар убури ғайриқонунии марзи Русия муттаҳам мешаванд. Ба иттилои мақомоти интизомии Русия шаҳрванди Тоҷикистон ва табааи Узбакистон, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоштаанд, аз тариқи Қазоқистон шабона пои пиёда ба хоки Русия ворид шудаанд.