Зелимхон Юсупов чор сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шуд
Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ Зелимхон Юсупов, узви мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистонро барои чаҳор сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум кард.
Иттиҳоди мазкур гуфтааст, ин тасмим дар пайи истифодаи маводи допингӣ аз сӯи Юсупов зимни мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод дар Қатар гирифта шудааст. Бино ба иттилои ин иттиҳод, дар пайи ташхиси допингӣ дар бадани ин варзишгари 31-солаи мунтахаби Тоҷикистон доруи “диметилбутиламин” дарёфт кардаанд, ки истифодаи он аз ҷониби Агентии зиддидопингӣ мамнӯъ аст.
Зелимхон Юсупов дар баробари маҳрум шудан аз ҳаққи иштирок дар мусобиқот ба муддати чор сол, аз гирифтани стипендияи ҳармоҳа ба миқдори 1000 доллар барои омодагиҳо ба олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Женеро маҳрум гардидааст. Инчунин медали нуқраи ӯ, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод дар Қатар гирифта буд, аз ӯ ситонида ва ба варзишгари Қирғизистон -- Эламан Догдурбек уулу дода шудааст.
Зелимхон Юсупов варзишгари 31-солаи доғистонист, ки ба ҳайси легионер аз соли 2012 ин ҷониб Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ муаррифӣ мекунад.