Мавзуна Чориева дар Маскав: Омодагиҳо хуб аст
Мавзуна Чориева, муштзани шинохтаи тоҷик барои ширкат дар сабқати Ҷоми ҷаҳон ба шаҳри Маскави Русия рафтааст.
Мирзо Шамсиев, мураббии ин варзишгари тоҷик ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки имрӯз, 17 декабр Мавзуна бо як чемпиони Русия дар вазни 60 кило қувваозмоӣ хоҳад кард: “Омодагии мо хуб аст”.
Дар ин сабқат намояндаҳои наздик ба 20 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд.
Номи Мавзуна Чориева баъд аз пирӯзияш дар Олимпиадаи тобистонаи соли 2012 дар Лондон расонаӣ шуд. Ӯ дар тӯли бист соли мустақилияти Тоҷикистон танҳо зане буд, ки дар Олимпиада медал ба даст овард. Хонум Чориева моҳи октябри соли 2012 дар шаҳри Кӯлоб бо Амон издивоҷ кард ва онҳо ҳоло соҳиби як фарзанд ҳастанд.