Раҳоии наздикони Муҳиддин Кабирӣ
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнуъшуда дар Тоҷикистон-ҲНИТ баъди суҳбат бо маъмурини мақомот раҳо шудаанд.
Ба иттилои манобеъ суҳбат бо наздикони Кабирӣ рӯзи 15 декабр дар навоҳии Файзобод ва Ваҳдат сурат гирифт: “Баъди суҳбат занон фавран ва мардон чанд соати баъд ҷавоб дода шуданд”.
Манобеъ афзуданд, ки аз наздикони Кабирӣ, аз ҷумла падари 95-солааш дархост карда шуд, ҷавононро насиҳат кунад, то дар хориҷи кишвар ба ҳаракатҳои иғвобарангез даст назананд. Гуфта мешавад, ки ҷарёни суҳбат бо наздикони Кабирӣ наворбардорӣ шудааст.
Хабари раҳоӣ дар ҳолест, ки 15 декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз боздошти наздикони Кабирӣ, аз ҷумла Кабиров Тилло, 95 сола, падари раиси ҲНИТ, Кабиров Сафар, 54 сола, бародари раиси ҲНИТ, Кабирова Саида, 60 сола, хоҳарбузурги раиси ҲНИТ, Кабирова Лаълхонум, 70 сола, аммаи раиси ҲНИТ (писараш Нарзуллоев Ҷамшед ҳам моҳе қабл боздошт шуда буд), Кабирова Дилором, 40 сола, ҳамсари бародари раиси ҲНИТ, Нарзуллоев Исматулло 74 сола шавҳари хоҳари раиси ҲНИТ, Нарзуллоев Додулло, 38 сола, ҷияни раиси ҲНИТ хабар нашр шуда буд.