ВКД: Зани 30-сола дар ҳолати мастӣ бо корд ба марди 49-сола ҳамла кардааст
Вазорати умури дохилӣ аз боздошти як зани 30-солаи хабар медиҳад, ки дар кордзанӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои ВУД, ин сокини шаҳри Душанбе, ки қаблан бо моддаҳои 244 ва 237-и КҶ ҶТ суд шудааст, “12 декабри соли ҷорӣ, тахминан соати 19:25 дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ба дасти чап ва тахтапушти марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе ду маротиба бо корд зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”..
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад”.