Ихроҷи 17 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия
Бо ҳукми додгоҳи вилояти Чеябинск 17 шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламрави Русия депорт шудаанд.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, бар илова додгоҳ ин афродро ба пардохти 2 ҳазор рубл ҷарима муваззаф кардааст.
Бар асоси ҳукми додгоҳ ин муҳоҷирон 5 соли оянда аз ҳаққи ворид шудан ба марзи Русия маҳрум шудаанд. Олга Шабанова, намояндаи додгоҳи Челябинск гуфтааст, ин шаҳрвандони Тоҷикистон авохири моҳи октябр бо ҷурми иқомати ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия боздошт шудаанд.
Ба қавли Шабанова, боздоштшудаҳо “вазъи сангини иқтисодӣ ва камбуди пул”-ро далели тарк накардани қаламрави Русия донистаанд. Ин муҳоҷирон феълан ба далели омода набудани аснодашон дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доранд.