Усмонов ба ҷои қарзаш аз шаҳрванди Қирғизистон маводи тарфгарии ба ҳаёти инсон хатарнок гирифтааст
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, аз дохили як мошини “Опел-Зафира” беш аз 23 ҳазор дона маводи тарфгарӣ дарёфт намудаанд, ки барои ҳаёти инсон хеле хатарнок аст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар пайи як амалиёт дар роҳи мошингарди Конибодом-Хуҷанд аз дохили бордони воситаи нақлиёт “аз дохили 48 адад қуттиҳои калони картонӣ бо навиштаҷоти “Трения”, “Чёрная смерт”, ва “Цай ванн лэй” ба миқдори умумии 23 ҳазору 944 дона маводи тарфгарӣ” ёфт гардид.
Хадамоти гумрук мегӯяд, маводи тарфгарӣ ба Икромбек Усмонов, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошта, онро аз як шаҳрванди Қирғизистон дар ҳудуди деҳаи Аркаи ин кишвар ба ҷойи қарзаш гирифта, мехост дар Хуҷанд фурӯшад: “Мутобиқи ташхиси лабораторӣ маводҳои пиротехникии аз шаҳрванди номбурда гирифташуда аз моддаҳои таркандаи хатарнок (порох) сохта шуда, барои ҳаёт ва саломатии инсон хеле хатарнок ва зараровар мебошанд”.
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба Икромбек Усмонов парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристода шудааст.