Пайдо шудани ҷасади журналист аз дохили мошинаш
Дар Остона, пойтахти Қазоқистон ҷасади Талгат Кирбетови 41-сола, хабарнигори махсуси рӯзномаи “Время”-ро дар дохили мошинаш пайдо карданд. Тибқи иттилои аввалия, вай аз дуди мошин ҷон бохтааст.
Дар солҳои гуногун Талгат Кирбетов хабарнигори шабакаи телевизионии “Шабакаи 31”, “Остона”, “Шабакаи 7” буд ва дар солҳои ахир ба ҳайси корманди хадамоти матбуотии “Казоқистон темиржоли” (“Роҳи оҳани Қазоқистон”) кор мекард. Ҳамзамон дар солҳои охир вай дар дафтари рӯзномаи “Время” фаъолият дошт.
Маросими видоъ бо Талгат Кирбетов рӯзи сешанбе дар Остона баргузор мешавад.