Русия: Талаби ним миллион рубл аз панҷ шаҳрванди Тоҷикистон
Як сокини 57-солаи шаҳри Смоленск барои аз шаҳрвандони Тоҷикистон талаб кардани беш аз ним миллион рубл боздошт шудааст.
Мария Панова, ёвари аршади раҳбари кумитаи тафтишотии шаҳри Смоленск ба расонаҳо гуфтааст, дастгиршуда бар ивази дарёфти иҷозатномаи иқомат дар қаламрави Русия аз шаҳрвандони Тоҷикистон 560 ҳазор рубл талаб кардааст. Ба иттилои манбаъ, гумонбар ҳангоми гирифтани 300 ҳазор рубл аз сӯи кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия боздошт шудааст: “Парвандаи ҷиноӣ дар ин робита ба додгоҳи вилоятии Смоленск фиристода шудааст”.