Рамазон Раҳимзода: Дар ҷангҳои Ироқу Сурия беш аз 600 тоҷикистонӣ ҳузур доранд
Вазири умури дохилӣ мегӯяд, феълан дар низоъҳои мусаллаҳонаи Ироқу Сурия бештар аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон иштирок доранд. Ин нуктаро Рамазон Раҳимзода аснои вохӯрӣ бо ҷавонону сокинони ноҳияи Роштқалъа иброз дошт.
Ба қавли вазири умури дохилӣ аз ин теъдод “баъди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ” 50 нафар бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон баргашта, “ба ҳаёти осоишта машғуланд”. Ӯ афзуда, талош доранд, ҷавонони дигарро ҳам бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ баргардонанд.
Рамазон Раҳимзода дар идомаи суҳбат аз ҳодисаҳои моҳи сентябри соли равон ёд оварда гуфтааст, “маблағгузори асосии ин ҳодисаҳо ҲНИТ буд ва мардум дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, тарафи Тоҷикистонро гирифтанд, ки ин ҳодисаҳо дар мӯҳлати 10-12 рӯз ба анҷом расида, гуруҳҳои террористӣ безарар гардонида шуданд”.