Занони Арабистони Саудӣ дар роҳ ба сӯи қудрат
Натоиҷи муқаддамотии интихоботи 13 декабр дар Арабистони Саудӣ аз эҳтимоли ғалабаи 19 зан дар ин сабқат дарак медиҳанд.
Ин нахустин интихоботест, ки занҳо ҳуқуқи интихоб шудан ва овоздиҳиро пайдо карданд. Дар 10 минтақаи гуногуни Саудия, аз шаҳри бузургтарини кишвар гирифта, то деҳае дар наздикии Маккаи мукаррама, номзадҳои зан пешсафанд.
Дар ин интихоботи мақомоти маҳаллӣ 1,35 миллион мард ҳаққи овоз доштанд, вале танҳо ҳудуди 600 ҳазор нафари онҳо тавонистанд ба марказҳои овоздиҳӣ ҳозир шаванд. Аз 130 ҳазор зан 106 ҳазор нафар ё 82% аз ҳуқуқи интихоботии худ истифода кардаанд.
Қаблан занҳои Арабистони Саудӣ аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум буданд. Ба ин сабаб интизор меравад, танҳо занҳои ангуштшуморе метавонанд аъзои шӯроҳои маҳаллӣ шаванд. Аммо ин ҳам барои Саудия як дастовард ба ҳисоб хоҳад рафт.