“Алвидоъ, додарҳоям”. Худкушии саррофе, ки 120 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд
Алихон Азимов, як саррофи 32-солаи бозори “Фаровон”-и Душанбе худкушӣ кардааст. Ин ҳодиса баъди чанд рӯзи 120 ҳазор сомонӣ ҷарима шудани ӯ иттифоқ афтодааст.
Олим Азимов, бародари Алихон ба “Озодӣ” гуфтааст, далели худкушии бародарашро намедонанд: “Намедонам, чаро бародарам даст ба чунин кор зад”, аммо ба гуфтаи ӯ, қабл аз суиқасд ба ҷонаш дар як коғаз навиштааст, ки "ҳисобу китобҳоро баробар кунед, хонаҳоро бифурӯшед ва қарзи мардумро диҳед, додарҳоям, алвидоъ, додарҳоям".
Ҷасади ин сарроф, ки 8 соли ахир дар Бозори “Фаровон” фаъолият дошта, чор фарзанд доштааст, дар зодгоҳаш -- деҳаи Қарағочи ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ ба хок супурда шудааст. Олим Азимов гуфтааст, шаби фоҷиа (шаби якшанбе ба душанбеи ҳафтаи гузашта) яке аз писарҳои Алихон ҳамроҳи падараш хоб будааст ва зану фарзандони дигараш ҳам дар манзил ҳузур доштаанд. Ба гуфтаи Олим Азимов, "тақрибан соатҳои 1:20-и шаб, писари Алихон саросема ба хонаи мо омад ва бедорамон кард, ки “отам худро кашол кард”.
Ба гуфтаи бародари ин сарроф, дар мактуби қабл аз худкушӣ танҳо “ҳисобу китобҳоро баробар кунед, хонаҳоро бифурӯшед ва қарзи мардумро диҳед, додарҳоям, алвидоъ, додарҳоям" навишта шуда ва дар он гуфта нашудааст, аз кӣ ва чӣ миқдор пул қарздор аст. Алихон Азимов дар пайи баста шудани нуқтаҳои муболидаи асъор 120 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст ва ба қавли бародараш дар ҳолати изтироб қарор дошт. Ба гуфтаи Олим Азимов, ҳоло барои иҷрои васияти бародараш, ҳам хонаи худ ва ҳам хонаи бародари марҳумаш ва ҳам хонаи яке аз бародарони дигарашро ба фурӯш гузоштаанд.