13 нишони тиллои варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон
Самбочиёни тоҷик аз мусобиқаи қаҳрамонии Осиё бо 28 медал бармегарданд. Дар ин сабқат, ки 11-13 декабр дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик 13 нишони тилло, 9 нуқра ва 6 биринҷӣ ба гардан овехтанд.
Рӯзи аввали мусобиқа бузургсолон бо ҳам рақобат карданд. Дар сабқати самбои варзишӣ Акмалиддин Каримов (52 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Деваштич Ҳабибов (74 кг), Ҷумъахон Назриев (90 кг), Шамшод Абдуллоев (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) унвони қаҳрамони Осиёро ба худ ихтисос дода, соҳиби медалҳои тилло гардиданд. Ардашер Исмоилов (52 кг) бо нишони нуқра ва Муҳаммадҷон Зоидов (82 кг) бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд. Азиза Азизова (72 кг) ва Дилбар Султонова (80 кг) дар қувваозмоӣ миёни занҳо соҳиби медалҳои нуқра шуданд.
Рӯзи дуюми мусобиқа навҷавонону духтарон аз рӯи самбои варзишӣ ва мардон оид ба самбои размӣ дар вазнҳои 62, 82 ва +100 килло зӯрозмоӣ карданд. Гуштигирони ҷавони тоҷик дар ҳамаи нӯҳ вазн медал ба даст оварданд. Унвони қаҳрамони Осиё ва медалҳои тилло насиби Мубориз Мунавваров (68 кг), Мирзошариф Исматов (74 кг), Суруш Каримов (82 кг) ва Саидмуъмин Шомаҳмадов (100 кг) гардид. Се нафари дигар – Ҷомӣ Ҳасан (52 кг), Ёқубҷон Раҳматов (62 кг) ва Рашид Зиёбеков (90 кг) – медалҳои нуқра гирифтанд. Ба ду паҳлавони ҷавони тоҷик - Сорбон Латифов (57 кг) ва Салимбек Салимбеков (беш аз 100 кг) -медалҳои биринҷӣ супурда шуд.
Рӯзи охирини мусобиқа бошад, наврасон (духтарону писарон) оид ба самбои варзишӣ ва мардон аз рӯи самбои размӣ дар вазнҳои 57, 68 ва 90 кг қувва озмуданд. Масъуд Куканшоев (дар вазни 48 кг), Саиднабӣ Камолов (65 кг) нишони тилло, Сайриддин Шоев (60 кг), Шарифҷон Назриев (87 кг) нуқра ва Зафарҷон Алиев (56 кг), Алӣ Шарифов (70 кг), Эмомҷон Камолов (81 кг) медалҳои биринҷии мусобиқотро соҳиб шуданд. Далер Ниёзов дар сабқати самбои размӣ миёни мардон дар вазни то 90 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.